Мо – ассосиатсияе мебошем, ки
воридкунандагони ашё, маводҳо
ва нуриҳои минералӣ, фермерҳо,
коркардкунандагон ва содироткунандагони
бахши кишоварзиро муттаҳид намуда,
барои рушди тиҷорат тавассути ҳимояи
ҳуқуқ ва пешниҳоди хизматрасониҳои
касбӣ мусоидат мекунем.


2014 naqshahoi 2014

WP Cumulus Flash tag cloud by Roy Tanck requires Flash Player 9 or better.

Архив

Асосӣ

11

МАРҲАБО БА СОМОНАИ МО!

Мехостам сароғоз нисбати таваҷҷуҳи Шумо ба сомонаи Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон ва хоҳиши шиносоӣ бо фаъолияти он арзи сипос намоям.

Ассосиатсяи агробизнеси Тоҷикистон ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва ғайридавлатӣ ба шумор рафта, фаъолияти Ассосиатсия дар асоси шартҳои баробарҳуқуқӣ, ихтиёрӣ, худидоракунӣ ва қонуният ба роҳ монда шудааст.

Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон – ба рушди тиҷорат ва барқарор намудани робитаҳо миёни истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон ва фурушандагони воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзои худро ҳимоя мекунад. Ассосиатсия аз моҳи майи соли 2007 то инҷониб мустақилона фаъолият менамояд. Феълан ба аъзогии Ассосиатсия агродиллерҳо, коркардкунандагон, ассосиатсияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дохил мешаванд.

Айни замон Ассосиатсия якҷо бо шарикони рушд лоиҳаҳоро вобаста ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон фаъолона амалӣ намуда истодаанд.

Дар сомонаи мо Шумо метавонед маълумоти заруриро оид ба фаъолияти ассосиатсия, қонунгузориҳои амалкунандаи бахши кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва дигар маълумотро, ки барои фаъолнокии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, пайдо намоед.

Мо умедворем, ки маълумотҳои мазкур барои онҳое, ки ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, манфиатнок хоҳад буд.

Шорауф Шорахматов
Раиси Ассосиатсияи
 агробизнеси Тоҷикистон